Paige Job Bank fox markPAIGE JOB BANKEVERY JOB IN THE WORLD

Кор дар Спитамен Бонк

TJPosted 2026-10-31UNKNOWN

Вазифаҳои холӣ Спитамен Пэй Спитамен Иншуренс Ба шахсони воқеӣ Ба шахсони ҳуқуқӣ Ба ташкилотҳои молиявӣ Дар бораи бонк Вазифаҳои холӣ Тендерҳо TJ RU EN TJ RU EN Шабакаи филиалӣ Кортҳои бонкӣ Қарзҳо Пасандозҳо Интиқоли маблағҳо Хизматрасонии хазинавию ҳисобӣ Интернет-Бонк Офисы и банкоматы Интернет-банк Ба шахсони воқеӣ Ба шахсони ҳуқуқӣ Ба ташкилотҳои молиявӣ Дар бораи бонк Вазифаҳои холӣ Тендерҳо Спитамен Пэй Наше мобильное приложение Спитамен Страхование Страхование КАСКО и ОСАГО Асосӣ Вазифаҳои холӣ Кор дар Спитамен Бонк Ба дастаи орзуҳо ҳамроҳ шав! Барои чӣ мо? Рушди касбӣ Дастаи орзуҳо Идораи замонавӣ Ҳамаи ҷойҳои холӣ Душанбе Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Вилояти Суғд Вилояти Хатлон ВМКБ Роҳбари Департаменти HR Вазифаҳои асосӣ: · роҳбарии самараноки департамент оид ба идоракунии кадрҳо; · нигоҳдорӣ ва рушди HR-сиёсат, тартибот ва меъёрҳои амалкунанда; · назорати иҷрои расмиёти интихоби кормандон, мутобиқшавӣ, омӯзиш ва баҳогузории онҳо; · мониторинг ва таҳлили нишондиҳандаҳои кадрӣ (ҷойивазкунии кормандон, самаранокӣ, рушд); · нигоҳдории сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ ва ҷалбшавии кормандон. Дониш ва маҳорати касбӣ: · донистани қонунгузории меҳнати ҶТ ва санадҳои меъёрие, ки равандҳои кадриро танзим мекунанд; · дарки принсипҳои идоракунии стратегӣ бо кадрҳо, банақшагирии кадрӣ ва рушди фарҳанги корпоративӣ; · маҳорати истифодаи абзорҳои муосири HR: идоракунии самаранокӣ (KPI), низомҳои баҳодиҳӣ ва рушди кормандон, омӯзиши корпоративӣ; · қобилияти кор бо низомҳои HR ва дониши хуби барномаҳои идоравӣ (Excel, Word, PowerPoint). Маълумот ва таҷриба: · маълумоти олӣ (беҳтараш дар соҳаи идоракунии кадрҳо, психология, иқтисод ё идоракунӣ); · таҷрибаи кор дар соҳаи идоракунии кадрҳо на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (HRBP, сардори шуъба, директори кадрҳо ва ғ.); · таҷрибаи роҳбарии HR-департаменти сохторӣ, ки шуъбаҳои: ҷалб, маъмурияти кадрӣ, омӯзиш ва рушди кормандонро дар бар мегирад. Хусусиятҳои шахсӣ: · қобилияти роҳбарӣ, илҳомбахшӣ ва рушди даста; · сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва ташкилотчигӣ ; · тафаккури таҳлилӣ ва муносибати системавӣ ба кор; · қобилияти барпо кардани муоширати созанда бо роҳбарият ва кормандон дар ҳама сатҳҳо; · омодагӣ барои нигоҳдорӣ ва такмили равандҳои HR-и аллакай таъсисёфта. Шароит ва имкониятҳо: · кор дар бонки устувор ва босуръат рушдёбанда; · меъёрҳои муосири идоракунии кадрҳо ва равандҳои дақиқу самаранок; · имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар сохтори бонк; · музди меҳнати шоиста (пас аз мусоҳиба муайян карда мешавад); · бастаи иҷтимоии пурраи мутобиқ ба қонунгузории ҶТ ва сиёсати дохилии бонк; · ҷадвали корӣ: аз соати 08:00 то 17:00, панҷ рӯзи корӣ дар ҳафта (5/7); · шароити бароҳати кор ва муҳити мусоиди корпоративӣ. Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи “Роҳбари Департаменти HR” дар хати мавзуъ ирсол намоянд. Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Роҳбари хадамоти аудити дохилӣ Таснифи самтҳои асосии фаъолият: кӯмак ва иштироки бевосита дар банақшагирии тафтишотҳои аудиторӣ, баҳодиҳии хавфҳо, тайёр кардани барномаҳои аудит, методологияи гузаронидани аудит ва ташкили фаъолияти Ҳадамоти аудити дохилӣ; мувофиқи нақшаи аудит дар мӯҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани тафтишотҳои аудитӣ ва аз рӯи натиҷаи тафтиш ба Кумитаи Аудит/Шӯрои Нозирони Бонк пайваста пешниҳод намудани тадқиқ ва таҳлилҳои муфассал; ошкор ва баҳодиҳии хавфҳо дар низоми аудити дохилӣ, баҳодиҳӣ намудани мувофиқатии равандҳои тиҷорати ҷойдошта ба талаботҳои қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии БМТ, оид ба беҳтаршавии низоми назорати дохилӣ пешниҳод намудани тавсияҳо; дар ҳайати гурӯҳи корӣ роҳбарӣ намудани фаъолияти кормандон ва баҳо додани кори онҳо; Назорати иҷрои тавсияҳои аз рӯи натиҷаи тафтишотҳо додашуда. Талаботҳо: доштани маълумоти олӣ; доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сола дар ташкилотҳои қарзӣ; доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сола дар вазифаҳои роҳб

Source: UNKNOWN. Description and metadata as published by the employer or its applicant tracking system on 2026-10-31. The apply link goes to the original source. Paige JobBank does not accept applications on the employer's behalf.