- Фаъолият дар IRS ва мартабаи касби
IRS Асосӣ Дар бораи филиали ширкат - Сухани ифтитоҳи - Фаъолият дар IRS ва мартабаи касби - Фаъолият - Кормандҳои калидӣ - Зерсохторҳои минтақавӣ - Шарикони мо - Ҳисоботи аудиторони мустақим Барои ронандагон - Номгӯӣ тарофаҳо ва нархномаҳо - Маълумот оид ба вазъи роҳ - Хати доимоамалкунанда - Плазаҳои толлингӣ - ЕТ-кортҳо - Ҳисобкунаки тарифҳо - Маркази хизматрасонӣ - Нуқтаҳои вазнченкунӣ - Утоки шахси Маркази матбуотӣ - Хабарҳо - Инъикоси фаъолият дар воситаҳои ахбори омма - Ҷоизаҳо - Тендер - Фикру ақидаҳо Лоиҳаҳои мо - Нуробод-Нимич - Дар бораи лоиҳаи "Нуробод-Нимич" - Нишондиҳандаҳои сифат - Тавсифномаҳо - Фотогалерея Тамос Ворид Тамос барои маълумот. Саволе доред? (+992 48) 701-10-20 Ру En Тҷ Асосӣ Фаъолият дар "IRS" Фаъолият дар "IRS" васила барои фатҳи қулаҳои касбият Дар IRS мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос фаъолият доранд. Мо имконияти дар қатори худ дидани Шуморо бесаброна интизорем. Мо эҷодкорӣ, навоварӣ ва пешбариро қадр мекунем. Ҳайати кормандони IRS ҳайати воҳид мебошад: муваффақияти мо гарави пешрафти Шумост. Узви ҳайати IRS шудан маънои ҳарос надоштан аз чолишҳо, пешрафти фавқуллода дар муҳити фавқулҳаракатро дорад. IRS муҳити кории озодро фароҳам оварда, ташаббусҳои инфиродиро дастгирӣ, маҳорати фардӣ ва дастовардҳоро қадршиносӣ мекунад. Шуморо мартабаи касбӣ интизор аст! Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои ишғоли вазифаҳои мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ эълон менамояд. Ӯҳдадорӣ : мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ бояд донад: Идоракунии инфрасохтори серверии ширкат; Иштирок дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии зерсохтори ТИ; Омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ, тартиб додани мушаххасот; Танзим ва назорат кардани мониторинг; Танзим ва назорати нусхабардории захиравӣ; Идоракунии парки мошинҳои виртуалӣ; Автоматикунонии равандҳои маъмурӣ; Кор бо серверҳои сахтафзор, дастгоҳҳои шабакавӣ ва системаҳои нигоҳдории маълумот; Т алабот : Маълумоти олии касбӣ; Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ТИ на камтар аз 3 сол дар чунин вазифа; Дониши аъло ва таҷрибаи амалӣ дар татбиқ ва нигоҳдории хидматҳои зерин: Windows Server 2008/2012/2019/: AD DS, File services, RDS, WSUS, IIS, Print server, GPO, CA. Дониши хуби OC Linux, Asterix (ip-телефония). Виртуализатсия: Microsoft Hyper-V/VMware ESXi. Шабакаи маҳаллӣ ва Интернет: VLAN, 802.1x, NAT (SNAT, DNAT), Proxy, Firewall, Wi-fi, DNS, DHCP, NPS, Link aggregation, STP. СУБД: Microsoft SQL Server. Муҳофизати антивирус: системаҳои мутамаркази муҳофизати зидди вирусҳо. Хизматрасонии почта: Microsoft Exchange Server. Дониши хуби сахтафзори таҷҳизоти муосири сервер ва системаҳои нигаҳдорӣ (монтаж, кор бо массивҳои диск, таъминоти микробарномавӣ, идоракунии дурдаст). Шароити кор ва сатҳи пардохт и музди меҳнат алоҳида баррасӣ карда мешавад . Танҳо он номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Тарҷумаи ҳол и худро тавассути почтаи электронӣ фиристед: info@irs.tj , l . fuzaylova @ irs . tj ; d.yatimova@irs.tj ё ба суроғаи зерин равон кунед : ш . Душанбе, к. З. Нозимов №4. Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои ишғоли вазифаҳои– оператор-хазиначӣ дар Нуқтаи вазнченкунии К39, Плазаҳои толлингии Ҳушёрӣ ва Варзоб ва Намояндагии минтақавии филиал дар Варзоб, эълон менамояд Ӯҳдадориҳои асосӣ : Қабули маблағ аз ронандагони мошинҳо; Қабули маблағ аз ронандагони мошинҳои боркаш барои бори аз ҳад зиёд; Баҳисобгирӣ, додан ва нигоҳ доштани маблағ бо риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ; Гузаронидани инкассатсия (ҷамъоварии) пули нақд; Пешбурди баҳисобгирии пулӣ; Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои мувофиқ; Т алабот : Маълумот– олӣ-иқтисодӣ; Қобилияти истифодаи таҷҳизоти компютерӣ; Таваҷҷӯҳ ба тафсилот; Муошират ва муносибати мусбӣ; Доштани иҷозатномаи зист дар шаҳри Душанбе ё минтақаи Варзоб; Таҷрибаи корӣ дар ин самт, қобили дастгирист. Сифатҳои шахсӣ: қобилияти муоширати (боадабона) бо одамон; омодагӣ ба зуд ҳалл кардани мушкилот; таваҷҷӯҳ ба тафсилот ва ниёзҳои муштариён
